Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев:Ҳамкориҳои энержиро идома медиҳем


Сергей Шматко-вазири энержии Русия дар Маскав ба рӯзноманигорон гуфтааст, дар давоми яку ним соли оянда "Газпром" дар қаламрави Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯи манобеи газро ба поён мерасонад. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон барои анҷоми ин корҳо Русияро аз пардохти ҳар гуна боҷу хироҷ озод кардааст. Қабл аз ин, дар нишасти хабарии муштараки руасои ҷамоҳири Русия ва Тоҷикистон дар Кохи Кремл оқои Медведев гуфт, ин ду кишвар ҳамкориро дар арсаи газ ва бунёди ниругоҳҳои хурди обӣ дар рудхонаҳои Тоҷикистон густариш медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG