Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав масъалаи пойгоҳи Русия баррасӣ нашудааст


Имрӯз боздиди серӯзаи давлатии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия ба поён мерасад. Вай имрӯз бо ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷики муқими Русия мулоқот ва аз пажуҳишгоҳи Ховаршиносии Русия дар Маскав боздид мекунад. Интизор меравад, ки ҳангоми боздид аз ин пажуҳишгоҳ ба оқои Раҳмон унвони доктори ифтихории илм эъто шавад. Дирӯз ҳангоми мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Кохи Кремл доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд. Баъд аз ин мулоқот Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия ба хабарнигорон гуфт, масъалаи шарту шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар мулоқоти ҳар ду раиси ҷумҳур баррасӣ нашудааст, зеро ин ду кишвар то соли 2014 дар бораи шароити истиқрори ин пойгоҳ дар Тоҷикистон байни ҳам қарордод доранд. Сердюков гуфт, ҳоло як гурӯҳи корӣ ба раҳбарии вай ва вазири хориҷаи Тоҷикистон дар бораи шарту шароити ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон қарордоди нав омода мекунанд. Ба гуфтаи Сердюков, дар ин қарордод рӯшан хоҳад шуд, ки барои ҳузури пойгоҳ Русия ба Тоҷикистон пардрохт хоҳад кард ё хайр.
XS
SM
MD
LG