Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Афғонистону Покистон


Дар Афғонистону Покистон зилзила рух додааст. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ аз Маркази назархоҳиҳои геологии Амрико шиддати зилизила 6,1 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Маркази зилзила дар кӯҳҳои Ҳиндукуш воқеъ дар Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистону Покистон будааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс иттилоъ додааст, ки зилзила дар шаҳрҳои Кобулу Исломобод эҳсос шудааст. То ҳол дар бораи талафот ё харобиҳои ба бор омада аз ин зилзила хабаре дар даст нест. Дар бораи ин зилзила аз Тоҷикистон хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG