Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиббс: Обама стротегияи нави худро омода мекунад


Тасмими Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар робита бо стротегияаш барои Афғонистон дар ҳафтаҳои оянда мунташир мешавад. Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед дирӯз ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни як конфронси видеоӣ дар чаҳорчӯбаи таҳлили сиёсати Афғонистон Барак Обама бо Карл Эйкенберрӣ-сафири Амрико дар Кобул гуфтугӯ кард. Дар сӯҳбат ин масъала матраҳ буд, ки ба Афғонистон нируҳои изофӣ фиристода шавад ё хайр. Дар ин гуфтугӯи видеоӣ Обамаро Ҷеймс Ҷонс-мушовири амният, Раҳм Эмануел-раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва кормандон аз Шӯрои Амнияти Миллӣ ҳамроҳӣ карданд. Оқои Гибс афзуд, танҳо як рӯзи райдиҳӣ дар даври дуввуми интихобот ба ҳамаи суолҳо посух нахоҳад дод. Масъалаҳо дар атрофи Афғонистон зиёданд. Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 7-ӯми ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG