Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчаи "Булбули Дарвоз"


Шаҳрдории Душанбе пас аз гузашти се сол аз фавти Абдуллоҳи Назрӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон қарор кард, кӯчаи Сурикови шаҳрро бо исми ӯ табдил кунад.

Кӯчае, ки ҳофизи зиндаёд дар манзиле бо дастони худ бунёд карда ва бештар аз 30 сол зиндагӣ дошт, эҷод ва ҳам тарбият мекард.

Абдулло Назрӣ дар тӯли 40 соли фаъолияти ҳунарии худ дар саҳнаи тоҷик беш аз 200 суруди ноб офарида, аз пайравони мумтоз ва муваффақи сабки овозхонии мавсум ба мавригӣ унвон мешавад. Аз пайравони мактаби устоди Ҳунар Акашариф Ҷураев аст.

Абдуллоҳи Назрӣ зодаи ноҳияи Дарвоз аст. Пас хатми синфи 7 чанд сол омӯзгор буд. Ҳамзамон дар маъракаву маросимҳо ҳунарнамоӣ мекард ва бо манзури ҳунари хубаш ӯро раҳбари дастаи ҳаваскорони ноҳияи вақти Қалъаи Хумб таъин кардаанд.

Дар соли 1954 вай ба Душанбе даъват шуд ва дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон шурӯъ ба кор кард. Пас аз Акашариф Ҷураев, ҳунарманди маъруфи тоҷик, раҳбарии дастаи ҳунармандони мардумиро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон зери раҳбарӣ гирифт.

Абдулоҳи Назрӣ дар соли 1957 дар синни 24-солагӣ унвони ҳофизи мардумии Тоҷикистонро дарёфт. Соли 1963 ба дастаи шашмақоми Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон даъват шуд ва солҳои тӯлонӣ бо ҳунармандони маъруф Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев, Барно Исҳоқова, Меҳри Исоқбоева, Қумри Қодирова ва чанде дигарон ҳамкорӣ дошт.

Аммо Абдуллоҳи Назрӣ ҳамчунон соҳиби мактаби хосе буд, ки шогирдон дар он дарси ҳунар мегирифтанд, эҷод мекарданд. Он шогирдоне, ки имрӯз устоди ҳунар ҳастанд.

Мактаби Абдуллоҳи Назрӣ, қабл аз ҳама манзилаш буд, манзиле, ки дар он охирин сурдашро эҷод кард, дар робита ба бузургдошти шаҳри Кӯлоб, суруде, ки носуруда боқӣ монд, мерос ба фарзандон.

Радиои Озодӣ, аз манзили устоди ҳунари волои мардумии тоҷик Абдуллоҳи Назрӣ боздид кард ва саҳифаҳои китоби рӯзгори ҳунарманди зиндаёдро варақ зад.

Abdullo Nazri
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00
XS
SM
MD
LG