Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсияи Байден ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ


Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ хост, то низомҳои нопухтаи демократӣ дар Молдова, Гурҷистон ва Укроинро ба самти субот ҳидоят кунанд. Ҳангоми суханронӣ дар Китобхонаи Донишгоҳи Бухарест, Ҷо Байден гуфт, Ҷумҳурии Молдова, Гурҷистон, Укроин ҳанӯз барои таъсиси демократияҳои фаъол ва иқтисодҳои пешрафтаи бозаргонӣ даступо мезананд.” Ба гуфтаи вай, ҳамчунин “кори зиёде боқӣ мондааст, ки бояд дар Арманистону Озарбойҷон ва Белорус анҷом дод”. Пештар аз ин зимни нишасти хабарии муштарак бо Трайан Басеску раиси ҷумҳури Руминия, Ҷо Байден аз ин кишвар барои ирсоли сарбозонаш ба Афғонистон ва ҳимоят аз сипари нави дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида изҳори сипос кард. Ҷо Байден, ки дар Лаҳистон ҳам буд, фардо аз Ҷумҳурии Чез боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG