Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фанновариҳо - бозори тобовар ба бӯҳрон?


Дар бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки ба аксари бахшҳои иқтисод таъсири манфӣ гузошт, танҳо як бахш аз он эмин монд ва он ҳам фанновариҳои навин, ки дар Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар ин замина шоҳиди рушди қавие шудаанд.

Ин аст хулосаи Муасисаи тиҷоратии Созмони Милали Муттаҳид, ки гузориши тозаеро нашр кардааст.

Рукуди ҷаҳонии иқтисодӣ бисёре аз арсаҳои иқтисодиро аз пасаш қафо кашид, вале яке аз бозорҳои тобовар ба рукуд, бозори фанновариҳои иттилоотӣ монд. Бисёре аз мо, ҳоло телефони ҳамроҳ мехарем ва ё аз интернет истифода мебарем ва дар кишварҳои Муштаракулманофеъ ин тамоюл босуръат рушд мекунад.

Дар гузориши Муассисаи Тиҷоратии Созмони Милал мехонем, ки то поёни соли 2008 тақрибан 4 миллиард сокини курраи Замин соҳиби телефонҳои ҳамроҳ будаанд. Бо вуҷуди як андоза кунд шудани бозори телефонҳои ҳамроҳ назар ба соли 2007, вале ин арса боз ҳам аз рушди 20 дарсадӣ баҳраманд шудааст. Ва теъдоди дорандагони телефонҳои ҳамроҳ умдатан дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва гузариш афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2008 тақрибан 4 миллиард сокини курраи Замин соҳиби телефони ҳамроҳ будаанд ...
Торбйорн Фредериксон, аз муаллифони гузориши Созмони Милал, мегӯяд, дар миёни солҳои 2003 то соли 2008 бисёре аз 20 кишварҳои дар ин арса пешрафта, аз иқтисодҳои дар ҳоли гузариш, аз кишварҳои шӯравии собиқ буданд. Ҳамчунин аз миёни кишварҳои аъзои нави Иттиҳодияи Аврупо, ки дорои иқтисодҳои муттаҳарику бузург ҳастанд. Ҳоло ба гуфтаи Торбйорн Фредериксон, телефони ҳамроҳ мисли гузашта абзоре барои ифтихор нест.

Ин гузориш ба хубӣ нишон медиҳад, телефони ҳамроҳ дигар як чизе барои ифтихор нест, балки як абзори зарурӣ аст. Мардум бо дастрасӣ ба хадамоти телефони ҳамроҳ дигар аз он даст намекашанд.

Ситораи минтақа дар ин замина, Черногория будааст, ки дастрасӣ ба телефони ҳамроҳ дар ин кишвар тайи панҷ соли гузашта 160 дар сад афзудааст. Дар инҷо сари ҳар 100 сокини кишвар 230 шумораи телефон ҳамроҳ рост меояд. Дар Русияву Украина сари ҳар сад нафар, мутаносибан 132 ва 120 шумораи телефон мувофиқ омадааст. Арманистон дар Қафқоз аз назари дастрасӣ ба телефонҳои ҳамроҳ то 83 дар сад рушд карда ва дигар кишварҳои минтақаро ақиб гузоштааст.

Бозори фанновариҳо дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тайи ин панҷ сол шоҳиди 41 дар сад рушд шудааст ва ба гуфтаи худи мақомоти кишвар ҳоло қариб бештар аз нисфи мардум ё бештар аз чаҳор миллион сокинони Тоҷикистон соҳиби телефони ҳамроҳ ҳастанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон бо рушди 21 дар садӣ дар ин замина аз ҳама кишварҳои минтақа ақиб мондааст.

Торбйорн Фредериксон ҳамчунин аз густариши хадамоти интернетӣ гуфт, ки дар кишварҳои Югославияи собиқ ривоҷи равнақи тунде доштааст. Аз ҷумла дар Босния, ки дар ин замина дар миёни 20 кишвари болои феҳраст қарор дорад, дастрасӣ ба интернет аз соли 2003 то соли 2008 21 дар сад афзоиш ёфтааст. Македония, Эрон ва Ҷумҳурии Молдова ҳам шоҳиди афзоиши 15 дар садии дастрасӣ ба Интернет шудаанд.

Дар гузориши Созмони Милал мехонем, ки то охири соли 2008 теъдоди корбарони интернет дар саросари ҷаҳон ба 1 миллиарду 400 миллион нафар расидааст, ки 15 дар сад бештар аз соли 2007 аст. Ва аксарият корбарони интернет ҳам ҳоло дар кишварҳои дар ҳоли рушд будаанд, аз ҷумла Чин 300 миллион корбари интернет дорад ва Амрикоро бо 190 миллион корбарони интернеташ пеш гузаштааст.

Аммо дар ин гузориш аз тафовути бузург дар дастрасии кишварҳо ба интернети бесим ҳушдор дода шудааст, ки дар кишварҳои пешрафта зиёд ва дар мамолики дар ҳоли рушд бисёр кам аст. Аз ин рӯ мегӯяд, Созмони Милал кишварҳои дар ин замина ақибмонда аз манфиати тиҷорати электронӣ ва омӯзиши фосилаӣ ба хубӣ баҳраманд нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG