Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа гуфт, эҳтимол дорад, ин созмон як воҳиди бузурги низомии муштарак таъсис диҳад.

Ба гуфтаи вай, ба созмон як воҳиди азими низомие зарур аст, ки қодир ба рафъи ҳамлаҳои бузургу васеъмиқёс бошад. Вай гуфтааст, ки нирӯҳои вокуниши сареъ, ки ҳафтаи гузашта тамринҳои нахустини муштараки худро анҷом доданд, танҳо барои муқобила бо низоъҳои марзиву дохилиҷумҳуриявии кишварҳои узви ин созмон қодир ҳастанд, вале дар сурати пеш омадани ҷангҳои азимтар нирӯҳои васеъҳаҷми низомӣ лозим мешаванд.

Мо ин мавзӯъро бо сухангӯи Созмони Паймони низомии амнияти дастаҷамъӣ Виталий Стругаветс дар миён гузоштем.

Вай дар тавзеҳи суханҳои Бордюжа гуфт, “мисли ҳама гуна низомҳои дигари ҳарбӣ ҳар як системаи амнияти дастаҷамъӣ бояд аз як қатор унсурҳо иборат бошад. Масалан, барои мубориза бо низоъҳои наздимарзӣ, барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муқобила бо паёмадҳои ҳолатҳои изтирорӣ нирӯҳои вокуниши сареъ амал мекунанд, ки дар назди СПАД ташкил шудаанд. Вале мо набояд сар задани ҳар гуна низоъҳои бузургҳаҷмро сарфи назар кунем. Бо ин вуҷуд, ки раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар ояндаи наздик эҳтимоли сар задани ингуна таҳдидҳоро сарфи назар мекунанд, мо бояд дар фикри таъмини амнияти марзҳои кишварҳои худ бошем. Бо ин ҳадаф воҳидҳои азими низомӣ таъсис мешаванд, яъне воҳидҳое, ки дар ҳолати пеш омадани ҷангҳои бузург сафарбар мешаванд.

Дар сохтори СПАД ҳоло дуто чунин воҳиди низомӣ ташкил шудааст, ки яке воҳидҳои қафқозӣ, яъне иборат аз нирӯҳои русиву арманӣ ва дигаре воҳидҳои Аврупои шарқӣ аст, ки аз нирӯҳои русиву беларусӣ ташкил шудааст. Ва ҳоло мантиқ мегӯяд, ки бояд чунин як воҳиди низомӣ дар Осиёи Марказӣ ҳам ташкил шавад”.

Суол: -Баъзе нафарон мегӯянд, ки бо чунин як баҳонае ҳоло Русия мехоҳад, ки дар асл ҳузури низомии худро дар қаламрави Осиёи Марказӣ боз ҳам тавсеа бубахшад?

Виталий Стругаветс: ”Ташкили воҳидҳои низомии муштараки Осиёи Марказӣ як пружаи Русия набуда балки тарҳи муштараки кишварҳои узви СПАД мебошад. Ҳамонтавре ки дар ҳайати нирӯҳои вокуниши сареъ ҳоло аз 10 бригада фақат сетоаш аз Русия буда боқӣ аз Қазоқистону Қирғизистону Тоҷикистон ва ғайра мебошад. Аслан идеяи ташкили нирӯҳои муштараки вокуниши сареъ ҳам на ба Русия, балки ба раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тааллуқ мегирад. Ҳоло тарҳи ташкили воҳидҳои низомии Осиёи Марказӣ дар дасти баррасии кишварҳои аъзои СПАД мебошад. Ва агар яке аз ин кишварҳо мухолифи ташкили ин нирӯҳо садо баланд кунанд, ин воҳидҳо ташкил нахоҳанд шуд. Вале ҳоло ин санадро ҳамаи ин кишварҳо пуштибонӣ кардаанд ва ин санад мавриди таҳқиқи ҳар давлат қарор гирифтааст”.

Суол: -Оё дар заминаи шумори ин воҳидҳои низомӣ ишорае карда мешавад?

Виталий Стругаветс: “Ҳамон тавре ки Николай Бордюжа чандин бор таъкид кардаанд, дар сурате, ки ба ҳайати нирӯҳои вокуниши сареъ ду-се баталйонӣ аз ҳар кишвар шомил мешавад, ба ҳайати воҳидҳои низомӣ ҷузву томҳои нирӯҳои ин кишварҳо шомил хоҳанд шуд. Ин ҷо на фақат нирӯҳои таъиноти махсусу тирандозу пиёданизом, балки ҳамчунин воҳидҳои тонкиву тӯпхона ва нирӯҳои ҳавоӣ дохил мешаванд. Тавре ҷаноби Бардюжа ҳам чандин бор таъкид кардааст, ин воҳидҳо барои “ҷанги калон” дар назар гирифта шудаанд”.

Оқои Струговетс дар мавриди андешаҳои бисёр мунаққидон ва таҳлилгарон дар Ғарб, ки мегӯянд, ташкили созмони мазкур бо ҳадафи муқобилагузории он дар баробари НАТО сурат гирифтааст, гуфт, ин андеша дуруст нест ва ин созмон аз оғози ташкилёбиаш ҳамеша хостори ҳамкорӣ бо паймони низомии НАТО будааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати ин созмон Русия, Арманистон, Беларус ва ҳама ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Туркманистон, шомил мебошанд.
XS
SM
MD
LG