Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Раҳмон ва Медведев баъди мулоқот


Ба думболи мулоқот дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев раҳбарони Тоҷикистону Русия қавл доданд, ки ҳамкориҳои ду кишварро тақвият мебахшанд. Дмитрий Медведев гуфт, миёни ду кишвар “масоили ҳалношуда боқӣ намондааст” ва афзуд, ду тараф омодаанд, дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар Тоҷикистон ҳамкориро идома диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистону Русия қасд доранд, то ҳамкориҳоро дар тамоми самтҳои калидӣ идома диҳанд. Зимни нишасти хабарӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо асабоният матбуоти Русияро танқид кард, ки ба гуфтаи вай дар мавриди қонуни забони расмии Тоҷикистон “ҳаёҳу” бардоштаанд. Вай гуфт, аз ин гузоришҳо ба “тааҷҷуб” афтодаст. Худи номи қонун мегӯяд, ки он миқёси истифодаи танҳо забони тоҷикиро танзим мекунад. Ва забони русӣ бар асоси Қонуни Асосӣ “забони муоширати байни миллатҳо” эътироф шудааст ва касе қасди бознигарии онро надорад.”. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ончӣ ки баъзе аз расонаҳои Русия танг кардани ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон мехонанд, дуруст нест. Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон “Қонун доир ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро имзо кард, ки дар он забони русӣ дигар ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо эътироф нашудааст. Муносиботи Русияву Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир бинобар мавқеъи Русия дар баробари тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва заъфи ширкатҳои он иҷрои тарҳҳои энержии дуҷониба ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG