Пайвандҳои дастрасӣ

Файзобод: Хонаводаи бехона акнун бехайма монд


Манзили зисти Атовулло Рақибов бо амри додситонии ноҳиявӣ хароб карда шудааст

Манзили зисти Атовулло Рақибов бо амри додситонии ноҳиявӣ хароб карда шудааст

Вазорати ҳолатҳои фавқулодда кумакҳои худро ба як хонаводаи ноҳияи Файзобод, ки ахиран манзили зисти онҳо тахриб шуда буд, бозпас гирифтааст.

Атовулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, ба радиои Озодӣ гуфт, намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда баъд аз зӯҳри имрӯз кумакҳои иборат аз як хайма, курпаву бухорӣ, дегу табақ ва дигар ашёи рӯзгорро, ки ин вазорат қаблан ба ин хонавода супурда буд, бозпас бурданд.

Вай мегӯяд, акнун бо ҳамсар ва панҷ фарзанди хурдсолаш дар як ҳуҷраи хонаи харобшуда, ки ахиран онро бо кумаки ҳамсояҳо каме тармим кардааст, ба сар мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, бар асари шароити номусоид ва сардиҳо фарзандонаш бемор шудаанд ва ӯ беш аз ҳама аз омадани зимистон дар ҳарос аст.

Каримҷон Ашуров, сардори ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Файзобод, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ашё ва маводҳои рӯзгордорӣ, ки ба хонаводаи Рақибов чор моҳ қабл аз сӯи вазорат дода шуд, муваққатӣ буд ва пас аз гузаштани мӯҳлати муқарраршуда онҳо қисман пас гирифта шуданд.

Манзили зисти Атовулло Рақибов якчанд моҳ қабл дар асоси амри додситонии ин ноҳия хароб карда шуд. Гулрӯ Ибодова, модари ин хонавода бо ёд аз ҳодисаи мазкур мегӯяд, хонаи ӯ аз сӯи мақомот бо як шеваи бераҳмона хароб шуд ва худи ӯ мавриди латтукӯб қарор гирифт.

Мақомоти ноҳияи Файзобод сабаби хароб кардани ин хонаро аз сӯи Атовулло Рақибов худсарона ишғол шудани қитъаи замин ва бе иҷоза бунёд кардани манзили зист меноманд.

Ва аммо оқои Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд кардааст.

Ахиран хонаводаи Рақибов ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз сокинони деҳаи Заркамар дар робита ба ин мушкил аз дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар додхоҳӣ карданд. Вале ба гуфтаи оқои Рақибов, то ба ҳол ягон ниҳоде ба мушкили онҳо расидагӣ накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG