Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО: "Тарки Афғонистон кори хатарнок аст"


Дабири кулли НАТО мегӯяд, ин эътилофи низомӣ бояд ҳамчунон машғули ҳалли мушкилоти Афғонистон бошад, то аз нагузорад, ин кишвар дигарбора ба як тамрингоҳи Ал-Қоида табдил ёбад. Андерс Фог Расмуссен дар ин бора дар як ҳамоиши амниятие сухан гуфт, ки қабл аз ифтитоҳи нишасти вазирони дифоъи 28 кишвари узви НАТО дар шаҳри Братислава баргузор шуд. Вай афзуд: "Бо тарки Афғонистон ин кишвар дигарбора ба як маҳалли тамрингоҳи Ал-Қоида табдил хоҳад ёфт. Фишор бар Покистони мусаллаҳ бо бомби атомӣ фавқуллода хоҳад буд. Ноамнӣ дар саросари Осиёи Марказӣ густариш хоҳад ёфт. Ва бо гузашти вақте мо дар Аврупо паёмадҳои ҳамаи онро эҳсос хоҳем кард." Дар ҳамоиши ғайрирасмии вазирон, ҷанг дар Афғонистон ва нигарониҳои амниятӣ дар остонаи даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар баррасӣ мешавад, ки қарор аст, 7 ноябр баргузор шавад. Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон, барои соҳиб шудан ба мақоми раёсати ҷумҳур рақобат хоҳанд кард. Нишасти вазирони НАТО дар замоне сурат мегирад, ки Барак Обама ҳанӯз ҳам масъалаи эъзоми сарбозони изофӣ ба Афғонистон ҷиҳати мубориза ба зидди Толибонро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG