Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден ба Руминия ибрози сипос кард


Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вашингтон аз ҳимояти Руминия аз системи нави зиддимушакии Амрико ибрози қадрдонӣ мекунад. Вай дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Трайан Басеску – раиси ҷумҳури Руминия, дар шаҳри Бухарест сухан гуфт. Ҷо Байден – рӯзи чаҳоршанбе аз Лаҳистон дидан кард ва қарор аст, ба Ҷумҳурии Чех биравад. Дар шаҳри Варшава, раҳбарони Лаҳистон ба ӯ ваъда додаанд, ки кишварашон дар таъсиси системаи нави зиддимушакӣ ширкат хоҳад кард. Системаи нави пешниҳодӣ, истиқрори мушакҳои боздоранда дар киштиҳои ҷангӣ ва ҳамчунин системаҳои заминиро пешбинӣ мекунад ва ба ҷойи системаи пешниҳодии Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури собиқ хоҳад буд, ки истиқрори мушаку радарҳо дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чехро дар назар дошт.
XS
SM
MD
LG