Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши Медведев аз нақши пойгоҳи Русия


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ҳузури пойгоҳи 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон, омили таъмини субот боқӣ мемонад. Баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав Дмитрий Медведев гуфт, “ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон як омили ҷиддии мусоидаткунанда ба субот боқӣ мемонад.” Вай гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин пойгоҳ сӯҳбат кардааст. Пеш аз ин гузориш мешуд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, то барои ҳузури пойгоҳаш ба он кишвар 300 миллион доллар бипардозад, ки замони ҳузури пойгоҳ то чаҳори соли дигар ба поён мерасад. Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти хабарии муштарак дар робита ба ин масъала сӯҳбат накард. Анатолий Сердюков - вазири дифоъи Русия мегӯяд, мақомоти ин кишвар бо Тоҷикистон масъалаи таҳияи тарҳи созишнома дар мавриди шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои кории ду кишвар ҳоло ин масъаларо баҳс доранд, ки баъди соли 2014 пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бар асоси шароити феълӣ ҳузур дошта бошад ва ё барои он ба Тоҷикистон ҳаққи иҷора пардохта шавад. Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, то Русия барои ҳузури ин пойгоҳаш ба Тоҷикистон ҳудуди 300 миллион доллар бипардозад. Анатолий Сердюков, ки пас аз мулоқоти ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Русия дар Маскав бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ду тараф созишномаи нави фарогире дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ таҳия мекунанд.
XS
SM
MD
LG