Пайвандҳои дастрасӣ

Шарҳи Раҳмон доир ба мақоми забони русӣ


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аз “ҳаёҳуи” матбуоти Русия дар мавриди қабули қонуни нави забони давлатӣ дар Тоҷикистон ба “тааҷҷуб” афтодааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ончӣ баъзе аз расонаҳои Русия доир ба танг кардани ҷойи забони русӣ дар Тоҷикистон мехонанд, дуруст нест, зеро ба гуфтаи вай, Қонуни Асосии кишвар забони русиро ҳамчунон “забони муоширати байни миллатҳо” эътироф мекунанд. Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон “Қонун доир ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро имзо кард, ки дар он забони русӣ дигар ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо эътироф нашудааст.
XS
SM
MD
LG