Пайвандҳои дастрасӣ

"Мемориал" барандаи Ҷоизаи Сахаров


Порлумони Аврупо ҷоизаи мӯътабари ба номи Сахаровро, ки барои озодии андеша дода мешавад, ба созмони мустақили ҳомии ҳуқуқи Русия “Мемориал” сазовор донистааст. Йиржи Бузек – раиси порлумони Аврупо пас аз машварати раҳбарони сиёсии порлумон доир ба ин тасмимашон гуфт: "Дар машварати раҳбарон баҳси зиёде набуд, зеро ҳама дар мавриди гурӯҳиМемориал” – и Русия тавофуқи назар доштанд." Ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров, ки соли 1988 ба хотири ин донишманди дигарандеши шӯравии собиқ таъсис дода шудааст, барои талош ҷиҳати ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва дастовардҳои демократия супурда мешавад. Ин ҷоизаи бо арзиши 50 ҳазор евро 16 декабри имсол ба соҳибонаш тақдим мекунанд.

XS
SM
MD
LG