Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Раҳмону Медведев шурӯъ шуд


Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар шаҳри Маскав оғоз шуд ва қарор аст, баъди музокироти ҳайъатҳои ду тараф созишнома ва баёнияи муштараке ба имзо бирасад. Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Маскав шуд. Бино ба иттилоъи расмӣ, шароити ҳузури ояндаи пойгоҳи низомии Русия ва ширкати Русия дар тарҳҳои азими энержии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии баҳс дар мулоқотҳои ду тараф мебошад. Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба иттилоъияи расмии Русия навиштааст, ки вазоратҳои дифоъи Русия ва Тоҷикистон масъалаи пардохти ҳақ барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, то дар ивази ҳузури пойгоҳ солона то 300 миллион доллар бипардозад.
XS
SM
MD
LG