Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди "аҷиби" Николай Бордюжа


Николай Бордюжа – дабири Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъӣ мегӯяд, эҳтимол дорад, кишварҳои узви ин созмон як воҳиди бузурги низомии муштарак таъсис диҳанд. Ба гуфтаи вай, ба созмон як воҳиди азими низомие зарур аст, ки қодир ба рафъи ҳамлаҳои бузургу васеъмиқёс бошад. Виталий Струговетс - сухангӯи Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъӣ, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо набояд эҳтимоли ҳамлаҳои васеъмиқёсро сарфи назар кунем. Агарчӣ раҳбарони кишварҳои узви паймон муноқишаҳои низомии васеъмиқёсеро дар ояндаи наздик пешбинӣ намекунанд, аммо мо бояд ба масоили таъмини амният ва тамомияти арзии кишварҳоямон машғул бошем. Барои ҳамин воҳидҳои азими низомӣ таъсис мешаванд, яъне воҳидҳо барои ҷангҳои бузург." Аммо ба гуфтаи Николай Борджа замони таъсиси ин гурӯҳҳо муайян нест ва ин масъала метавонад солҳо тӯл кашад. Ба Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Русия дар он нуфузи зиёд дорад, Тоҷикистону Ӯзбакистон, Арманистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Белорус шомиланд.
XS
SM
MD
LG