Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли афсари олирутбаи артиши Покистон


Дар Покистон як марди мусаллаҳ имрӯз ба мошини низомие дар шаҳри Исломобод тирандозӣ карда ва ду сарбоз, аз ҷумла як афсари олирутбаи артишро куштааст. Бино ба гузоришҳо, марди мусаллаҳи мотосиклсавор дар як маҳалли маскунӣ ба мошини низомӣ ҳамла кардааст. Бар асари ҳамла, як сарбози дигар маҷрӯҳ шудааст. Агарчӣ то кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо артиши Покистон амалиёт ба зидди ҷангҷӯёни Толиб дар Вазиристони Ҷанубӣ, манотиқи шимолуғарбии ҳаммарз бо Афғонистонро, идома медиҳад. Бар асари ҳамлаҳои ин ҷангҷӯён дар тӯли се ҳафтаи гузашта, дар Покистон бештар аз 170 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG