Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии Раҳмон ва Медведев


Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия, пас аз мулоқот дар Кохи Кремл як нишасти хабарӣ баргузор карданд.

Раҳбарони ду кишвар таъкид карданд, ки ҳар ду ҷониб ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикӣ таваҷҷӯҳ қоиланд ва ин барномаҳоро бо назар дошти манофеи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳандозӣ хоҳанд кард. Раҳбарони ду кишвар бунёд ва истифодаи нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-1-ро ҳамчун намунаи рӯшани ин гуна ҳамкориҳо зикр намуданд.

Дар изҳороти муштараки президентҳои Русияву Тоҷикистон таъкид шудааст, ки онҳо ҳамоно ҷонибдори иҷрои бидуни шартгузории лоиҳаҳои дигари соҳаи ҳидро-энергетика мебошанд.

Дмитрий Медведев дар ин нишаст гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон авзои Афғонистонро баррасӣ кардааст, ки ҳоло назар ба гузашта печидатар шудааст.

Дар баёнияи муштараки раисони ҷумҳур омадааст, ки ду тараф ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи фанниву низомӣ таъкид варзидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди мақоми забони рӯсӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, аз “ҳаёҳуи” матбуоти Русия дар иртибот бо қабули қонуни нави забони давлатӣ дар Тоҷикистон ба “тааҷҷуб” афтодааст.

Ба гуфтаи вай, он чӣ баъзе аз расонаҳои Русия доир ба маҳдудшавии ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон мехонанд, дуруст нест, зеро ба гуфтаи вай, Қонуни Асосии кишвар забони русиро ҳамчунон “забони муоширати байни миллатҳо” эътироф мекунад.

Пазироии Медведев аз Раҳмон дар Барвиха

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия шоми дирӯз бо як мулоқоти ғайрирасмӣ бо раисиҷумҳури Русия дар қароргоҳи ӯ оғоз ёфт.

Раисиҷумҳури Русия ҳини қабули Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи худ дар минтақаи Барвиха - яке аз гӯшаҳои зебоманзари вилояти Маскав ӯро хеле хуш пазироӣ кардааст ва гуфтааст, «ман хушҳолам, ки сафари давлатии шумо ба Русия сурат мегирад ва мо метавонем тамоми масоили ҳамкории ду давлатро баррасӣ кунем».

Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҳамтои русаш барои анҷоми ин сафари давлатӣ изҳори ташаккур кард ва гуфт, "ман итминон дорам, ки ин сафар равобити моро тақвият хоҳад бахшид".

Рӯзи панҷшанбе вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар нишасти раҳбарони Русияву Тоҷикистон нархи ҳузури низомии Русия дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ баҳс нашудааст.
Расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки Тоҷикистон мехоҳад Русия солона барои ҳузури пойгоҳи низомиаш ба ин кишвар 300 миллион доллар пардохт намояд.

Сердюков ёдовар шуд, ки бар пояи созишҳои феълӣ пойгоҳи низомӣ то соли 2014-ум дар Тоҷикистон пой бар ҷо хоҳад буд ва ҳоло ду гурӯҳи корӣ таҳти сарварии вазири мудофиаи Русия ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таври созанда шароити ҳузури пойгоҳи Русия баъди соли 2014-умро арзёбӣ доранд.

Тибқи барномаи сафари президенти Тоҷикистон, имрӯз дидору гуфтугӯҳои ӯ бо намояндагони олирутбаи Русия ва ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG