Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Раҳмон ва Медведев дар Кремл мулоқот мекунанд


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия идома дорад. Вай шоми дирӯз барои боздиди давлатӣ вориди Маскав-пойтахти Русия шуд. Имрӯз ҳайати Тоҷикистон дар Кохи Кремл бо раиси ҷумҳури Русия муносиботи дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои энержии обиро баррасӣ мекунанд. Коршиносон истисно намедонанд, ки дар ин музокирот мумкин аст ҳамчунин масъалаи пардохти иҷораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон матраҳ шавад. Интизор меравад, ки дар рӯзи севвуми боздид, 23-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон аз МГУ ва пажуҳишгоҳи Ховаршиносии Русия боздид кунад. Мулоқоти вай бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG