Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши СММ роҷеъ ба маводи мухаддир нашр шуд


Дафтари СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷиноёт гузориши нави худро ба нашр расонд. Соли ҷорӣ ин гузориш ба Афғонистон ихтисос дода шудааст. Дар гузориш оқибатҳои фоҷеъабори маводи мухаддир ба саломатии инсон ва барои амнияти кишварҳои роҳи интиқол, яъне аз кишварҳои Балкан то кишварҳои АвруОсиё бо далелҳо нишон дода шудааст, ки ба он аз ҷумла Русияву Чин ва Ҳиндустон дохил мешаванд. Дар ин санади СММ омадааст, соле дар Афғонистон 900 тон маводи мухаддир тавлид ва аз роҳи қочоқ ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон интиқол меёбад. Гардиши ин миқдор маводи мухаддир дар бозорҳои сиёҳи ҷаҳонӣ 65 миллиард долларро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоби коршиносон ҳоло аз ин миқдор маводи мухаддир 15 миллион нафар дар ҷаҳон ба бемории муътодӣ гирифтор шудаанд ва ҳар сол тақрибан 100 000 нафар ҷони худро аз ин беморӣ аз даст медиҳанд.
XS
SM
MD
LG