Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА таҳримҳо бар зидди Ӯзбекистонро лағв мекунад


Бо вуҷуди нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбекистон, Иттиҳодияи Аврупо омодагӣ мегирад таҳримҳо алайҳи ин кишварро аз миён бардорад. Намояндагони кишварҳои аврупоӣ дирӯз гуфтанд, Иттиҳодияи Аврупо набояд таҳрими фурӯши аслиҳа ба Ӯзбекистонро тамдид кунад. Фурӯши аслиҳа аз ҷумлаи ахирин таҳримҳост, ки барои саркӯбии тазоҳуроти соли 2005-и Андиҷон бар зидди Ӯзбекистон ҷорӣ шуда буд. Интизор меравад, ки тасмими Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба лағви таҳримҳоро вазирони кишварҳои узв ҳафтаи оянда ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG