Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз талоши рабудани ҳавопаймо ҷилавгирӣ шуд


Мақомоти амниятии Миср мегӯянд, афроди амниятӣ аз талоши рабудани ҳавопаймои парвози Истанбули Туркия ба Қоҳираи Миср пешгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, рӯзи чаҳоршанбе як марди судонӣ бо истифода аз корди пластикӣ ба халабонони ҳавопаймо таҳдид кардааст, то онҳо хатти парвозро тағир диҳанд ва ба Исроил парвоз кунанд. Мақомот мегӯянд, афроди амниятӣ бар ин мард пирӯз шудаанд ва вайро боздошт кардаанд. Касе аз сарнишинони ҳавопаймо осеб надидааст ва ҳавопаймо хати парвозро идома додааст ва дар Қоҳира фуруд омадааст. Марди судонӣ, ки талош дошт ҳавопайморо рабояд, ба эҳтимоли хиёд маст будааст ва баъдтар гуфтааст, ки вай мехост Байтулмуқаддсро озод кунад.
XS
SM
MD
LG