Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Ҷо Байден аз Руминия оғоз шуд


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар қадами дуввуми боздидаш аз Аврупо вориди Руминия шуд. Вай дирӯз аз Варшава-пойтахти Полша боздид кард ва дар мавриди системи дифои зидди мушакии Амрико ба тавофуқ даст ёфт. Руминия кишвари дуввум ва сипас ҷумҳурии Чех кишвари севвум дар силсилабоздидҳои Ҷо Байден аз кишварҳои Аврупо ба шумор меравад. Дар ин кишварҳо Ҷо Байден масъалаи ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои ин минтақаро баррасӣ мекунад. Дар ҷараёни боздиди оқои Байден аз Варшава Доналд Туск-нахуствазири Полша ба вай гуфт, кишвараш омода аст дар барномаҳои дифоъи зидди мушакии Амрико ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG