Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садди Ишқобод дар роҳи таҳсили ҷавонон


Шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон

Шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон

Мунаққидон мегӯянд, ки мақомоти Туркманистон хавф доранд, ки таълимоти ғарбӣ метавонад ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури донишҷӯёни туркманро тағйир диҳад.

Холидаи Қодир

Оғози моҳи ҷорӣ Туркманистон иҷоза надод, ки кормандони созмони амрикоии маърифатии Ҳайати Сулҳ, ки ҳамчунин барномаҳои тиббиро низ ба роҳ монда аз ҷониби ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ шудааст, вориди Ашқобод шаванд. Ва дар Туркманистон ҳамоно 50 донишҷӯ наметавонанд бо раводиди Амрико ба ин кишвар барои таҳсил дар мактабҳои олӣ бираванд. Ин донишҷӯён барои таътили тобистона ба хона омада буданд, вале бо гузашти ду моҳ аз шурӯи соли нави таҳсил наметавонанд ба донишгоҳҳои худ баргарданд.

Чунин ба назар мерасад, ки Туркманистон ҳар он чиро, ки ба созмонҳои амрикоии таълимӣ вобаста аст, гӯё шунидан намехоҳад. Моҳи сентябр мақомот ба 50 донишҷӯи туркмани муҳассили донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, ки ба омӯзиши улуми мухталиф машғул буданд, иҷозатномаи берун шудан аз кишварро бо ҳадафи идомаи таҳсил дар донишгоҳашон надоданд. Дар пай санадҳои ин донишҷӯёнро ба ҳамингуна як донишгоҳи амрикоии Булғористон интиқол доданд.

Вале бо ин вуҷуд, дар оғози моҳи октябр ин бачаҳо барои парвоз ба Булғористон тавассути ҳавопаймое иҷозат дода нашуданд ва дар пай сафорати ИМА дар Ашқобод бо пахши изҳороте гуфт, ки “Туркманистон дар ҳаракати озоди донишҷӯёни туркман монеа эҷод мекунад”.

Яке аз охирин тасмимҳое, ки моҳи ҷорӣ гирифта шуд, ин манъи вуруди Туркманистон шудани 50 ихтиёрии созмони амрикоии Ҳайати сулҳ буд, ки дар Туркманистон барномаҳои беҳдоштию маърифатиро дар заминаи таълими забони англисӣ роҳандозӣ мекунанд. Мақомоти беҳдошти Туркманистон аз ташреҳи вазъи баамаломада худдорӣ карда вазири маориф ҳам нахост ба саволҳои радиои Озодӣ посух диҳад.

Ҳароси Ишқобод аз озодфикрии ҷавонон

Вале бо арзёбии иқдоми мақомоти ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ коршиносон мегӯянд, ки мақомоти Туркманистон ба назар мерасад аз тарзи таълими ғарбӣ нигарон ҳастанд ва мегӯянд, ки ин таҳаввулот бори дигар ӯҳдадориҳои президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро оид ба бозтар кардани кишвараш дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол мебарад.

Пол Квин-Ҷаҷ, раҳбари барномаҳои Осиёи Марказии Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ, мегӯяд, “раҳбарияти кунунии Туркманистон тахминан мисли раҳбарияти қаблӣ аст. Онҳо чандон намехоҳанд, ки мардуми худро бимонанд, ки ба назарҳои мухталифи ҷаҳонӣ дастрасии мустақим ва озод дошта бошанд. Дар мисоли мазкур онҳо намехоҳанд, ки донишҷӯёнашон бо дидгоҳи амрикоӣ ва ғарбӣ ба маориф тарбия шаванд”.

Кристофер Волкер, раиси мутолеоти созмони Хонаи Озодӣ дар Ню-Йорк бо тақвияти ин назар гуфт, ки раҳбарияти Туркманистон мисли пештарааш нисбати шаҳрвандоне, ки бо ҷаҳони беруна иртибот доранд, хеле ҳассосият нишон медиҳад.

Созмони Ҳайати Сулҳ дар Туркманистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият мекунад ва бештар бо роҳандозии тарҳҳои беҳдоштию маърифатӣ дар манотиқи рустои ин кишвар машғул аст. Раиси ин созмон Ҷош Филд дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар қаламрави Туркманистон 70 корманди ихтиёрии ин созмон кор мекунанд.

Вай мегӯяд, “дар ҳолати мазкур кори мо асосан дар бахши маориф пиёда мешавад: гоҳо омӯзгоронро таълим медиҳем, ки чӣ тавр мешавад устоди хуб шаванд, гоҳо ба мактабҳо барои таълими донишҷӯён меравем. Аз ин рӯ, мо дар риштаи маорифи ин кишвар аз ду роҳ саҳмгузорӣ мекунем”.

Ҳарчанд, ки худдории мақомоти Туркманистон аз додани иҷозаи вуруд ба кормандони Ҳайати сулҳ дар мақоми ихтиёриёни амалкунандаи онҳо таъсир нахоҳад гузошт, вале онҳо огоҳонида шуданд, ки то соли 2010 ба аъзои ин созмон иҷозаи ворид шудан ба хоки ҷумҳуриро нахоҳанд дод.

Бердимуҳаммадов - Туркманбошии дуввум?

Баъди дар охири соли 2006 ба кор шурӯъ кардани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аввал ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ ва моҳи феврали соли 2007 интихоб шудани ӯ ба мақоми президентӣ, Бердимуҳаммадов чанд иқдомро дар самти ислоҳи низоми мавҷуда роҳандозӣ кард.

Ҷавонон ба фарқ аз гузашта гӯё имкони озоди таҳсил дар хориҷаро ба даст оварда дар кишвар интернет-кафеҳо фаъолият кард. Масалан донишҷӯёни хоҳишманди таҳсил дар хориҷа дигар аз зарурати сабти ном дар вазорати дифоъ ва хадамоти давлатии муҳоҷират озод шуданд. Вале он чи ки аз онҳо ҳоло ба таври ҳамтӣ талаб мешавад, ин гузаштан аз қайди вазорати маориф аст.

Имсол 2700 донишҷӯи туркман имкони таҳсил дар донишгоҳҳои давлатии Русия, Аврупо ва ИМА-ро дар ба даст оварданд. Вале бо ин вуҷуд, бархе дар вазорати маорифи Туркманистон ба ислоҳоти низоми маорифи ин кишвар ҳамоно бо шубҳа менигаранд.
XS
SM
MD
LG