Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи навбатии "Ояндасоз мюзик" ба мавзӯъҳои ҳафтаи Аврупо дар Душанбе, озмуни "Панҷ ситора" ва консерти нави Юлдуз Усмонова бахшида шудааст

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии Аврупо ба поён расид. Тибқи маъмул, ҳамасола дар Тоҷикистон бо пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи фарҳангии Аврупо доир карда мешавад, ки дар он ҳунармандони тоҷику аврупоӣ шикрат мекунанд. Имсол низ рӯзҳои фарҳангӣ бо консерти муштараки ҳунармандони финӣ ва тоҷик оғоз шуд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин консерт гурӯҳҳои мардумии «Самову Мизроб» ва «Авасто» ва кишвари Финляндияро бошад мутрибон Янне Лаппалайнен ва Олли Варис намояндагӣ кардаанд. Дар ин консерт чанд оҳанги омехтаи ин гурӯҳҳо низ садо дод. Янне Лаппалайнен, навозандаи финӣ, мегӯяд, ба ӯ навохтани оҳангҳои тоҷикӣ хеле хуш омадааст.

Вай афзуд, «ҳарчанд оҳангҳои тоҷикӣ аз мусиқии финӣ тафовути зиёд дорад, аммо дар рафти тамрин бо гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон мо дар ин оҳангҳо умумиятро пайдо кардем ва ин навохтани оҳангҳои муштаракро барои мо осонтар кард.»

Олли Варис навозандаи дигари финӣ бар ин аст, ки баргузории чунин рӯзҳо барои наздик кардани тамаддунҳо нақши муҳим дорад. Вай аз ҷумла мегӯяд, ҳарчанд қаблан баъзе аз оҳангҳои тоҷикиро шунида буд, аммо танҳо пас аз омадан ба ин кишвар тавонист тамоми зебоии оҳангҳои тоҷикиро дарк кунад.

Чаро озмуни «Панҷ ситора» ба таъхир меафтад?



Дар Тоҷикистон гузаронидани ин озмуни мусиқии «Панҷ ситораи Интервидения» боз ҳам мавқуф гузошта шудааст. Дар ин бора ахиран Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон эълон кард. Аммо раиси ин кумита Асадулло Раҳмонов мегӯяд, ин маънои комилан баргузор нагаштани озмуни «Панҷ ситораи Интервидения» дар Тоҷикистонро надорад ва агар то охири моҳи октябр масъалаҳои молӣ ҳалли худро наёбад, қарор аст, озмун ба соли 2010 гузаронида шавад.

Навбати баргузории ин озмуни овозхонҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҷумҳуриҳои назди Балтик дар Душанбе соли гузашта, пас аз пирӯзии Таҳмина Ниёзова дар он насиби Тоҷикистон гашта буд. Ва имсол қарор буд Ален Абилфайзов Тоҷикистонро дар ин сабқат намояндагӣ кунад.

Ален дар сӯҳбат бо «Ояндасоз мюзик» гуфт, ӯ тайи чанд моҳи ахир барои ширкат дар ин сабқат омодагӣ мегирад ва, ба гуфтаи вай, то соли 2010 мавқуф гузоштани озмун барояш фурсати бештареро барои тамрин медиҳад.

Консерти нави Юлдуз Усмонова дар Душанбе

Консерти овозхони шинохта Юлдуз Усмонова 30 октябр дар бинои Кохи Борбад доир хоҳад шуд. Юлудз Усмонова барои ҳунарнамои дар Тоҷикистон барномаи комилан навро таҳия кардааст.

Марҳабо Азизова, продюссери ширкати Ориён медиа, ки сафари Юлдуз Усмоноваро ба Тоҷикистон таъмин мекунад, мегӯяд, аллакай 60 дарсади чиптаҳои ин консерт, ки аз 100 то 150 сомонӣ арзиш доранд, фурӯхта шудааст.

Чанд соли пеш Юлдуз Усмонова албоми худро мунташир кард, ки он пурра аз таронаҳои тоҷикӣ иборат буд ва ин таронаҳо шунавандаи бениҳоят зиёд дошт.

Барои шунидани «Ояндасоз мюзик» ба ишораи чандрасонаӣ дар гӯшаи саҳифа «нохун занед».

Вобаста

XS
SM
MD
LG