Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ санади созиш бо Эронро таҳия кард


Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) ба Эрон, ИМА, Русия ва Фаронса тарҳи созишеро ироа кард, ки ба хотири аз байн будани ихтилофот оид ба барномаи ҳастаии Эрон таҳия шудааст. Раҳбари Оҷонс Муҳаммад Ал-Барадай баъд аз музокироти бисёрҷониба дар Вена изҳор намуд, ки ин санад барои эҳёи эътимод миёни кишварҳои вориди гуфтушунид оид ба барномаи ҳастаии Эрон басо муҳим аст.
Рӯзи 1 октябр дар музокирот ҳайатҳои Эрон ва панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон созише ҳосил шуда буд, ки тибқи он урани ғанисохта барои барномаи ҳастаии Эрон на дар худи кишвар, балки дар Русия ва Фаронса тавлид мешавад. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон аст, ки ҳадафи аслии Эрон аз барномаи ғанисозии ураниум - дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист ва аммо Теҳрон инро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG