Пайвандҳои дастрасӣ

Доктор Абдуллоҳ барои идомаи сабқат омода аст


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, эълом дошт, ки ӯ барои ширкат дар даври дуввуми интихобот омода аст.

Тибқи тасмими Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, даври дуввум рӯзи 7-уми ноябр баргузор мешавад. Як рӯз баъд аз ризояти раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай барои баргузории даври дуввуми интихобот, доктор Абдулло Абдулло, собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки умедвор аст “мақомот барои баргузории интихоботи озод, одилона ва боэътимод иқдом ва аз ҳама гуна тақаллубу қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ кунанд”.

Доктор Абдуллоҳ афзуд, ки рӯзҳои наздик ситоди пешазинтихоботии ӯ пешниҳодҳои мушаххасро оид ба ҷилавгирӣ аз тақаллубу қонуншиканиҳо ба ҳукумат ироа хоҳад кард.

Тасмим дар бораи баргузории даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон баъди он гирифта шуд, ки Комиссиюни баррасии арзу шикоятҳо, баъди тафтиши далелҳои фаровони тақаллубу қонуншиканӣ, натоиҷи раъдиҳӣ дар 210 ҳавзаи интихоботиро лағв кард. Ва бар асари ин теъдоди орои Ҳомид Карзай аз 54 дарсади қаблан эълоншуда то 49,6 дарсад пойин рафт.

Тибқи Қонуни асосии Афғонистон, барои пирӯзӣ дар даври аввали интихобот яке аз номзадҳо бояд аз пуштибонии беш аз 50 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй бархурдор шавад.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар нишасти хабарӣ дар Кобул эълом дошт, ки шоми сешанбе ба Ҳомид Карзай ба хотири ризоияташ барои баргузории даври дуввуми интихобот изҳори сипос кардааст.

Ва аммо гуфта мешавад, довталаби курсии раисиҷумҳури Афғонистон аз интиқоди Комиссиюни мустақили интихоботи кишвар худдорӣ намуд, ҳарчанд қаблан чандин бор эълом дошт, ки ба садри ин комиссиюн эътимод надорад, зеро ӯ “одами Карзай” аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар ин назар аст, ки ҳукумати эътилофии ду номзад роҳи ҳал барои Афғонистон нест
Қаблан хабар дода мешуд, ки Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ шояд барои тақсими қудрат ва ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон ба созиш бирасанд. Ва аммо доктор Абдуллоҳ ин хабарҳоро рад кард ва гуфт, “ман фикр мекунам, ки эҷоди ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон роҳи ҳал нест. Роҳи ҳал дар кишвари мо марбут ба он аст, ки мардум аз хадамоти беҳтар бархурдор бошанд, идораи солим ба миён ояд, сулҳ таъмин гардад, афғонҳо дар оянда зиндагии боиззат ва кору сарнавишти сазовор дошта бошанд”.

Дар ҳоле, ки ҳарду номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон омодагиашонро барои ширкат дар даври дуввуми интихобот эълом доштанд, масъули СММ аз талошҳояшон барои ҷилавгирӣ аз тақаллубу қонуншиканиҳо дар ин маърака хабар доданд. Гуфта мешавад, ки қабл аз ҳама, раҳбарони беш аз нисфи қитъаҳои интихоботӣ иваз карда мешаванд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, дар сӯҳбат бо Би-Би-Си эълом дошт, беш аз нисфи кормандони ин созмон низ, ки дар маъракаи қаблии интихоботӣ тақаллубу қонуншиканиҳоро нодида гирифтаанд, барканор хоҳанд шуд. Ҳамзамон Бан Ки Мун сару садоҳо дар бораи аз сӯи масъулини дафтари СММ дар Кобул махфӣ нигаҳ доштани миқёси тақаллубу қонуншиканиҳоро рад кард. Ӯ афзуд, ки кормандони созмон ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар даври дуввум талош мекунанд то аз ҳама қитъаҳои интихоботӣ дидан кунанд.

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи коршиносон, таъмини амният замони баргузории даври дуввуми интихобот аз мушкили умда боқӣ мемонад, ба вижа, ки ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳои мусаллаҳони “Толибон” ва “Ал-Қоида” дар сартосари кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба иттилоъи “Ал-Ҷазира”, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар як сӯҳбати хоса бо ин шабака гуфтааст, ки ба муваффақ анҷом ёфтани даври дуввум хушбин аст, ҳарчанд эътироф кардааст, ки “мушкилҳои зиёд дар пешанд”. Ба гуфтаи ӯ, “ҷомеаи байнулмилалӣ моро мутмаин сохтааст, ки барои кумак ба мо дар мавриди бидуни мушкил баргузор кардани интихобот омода аст”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG