Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ва Британия афғонҳоро ихроҷ карданд


Фаронса ва Британия ба хотири ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Афғонистон барои нахустин бор парвози муштараки ҳавопайморо ташкил карданд. Ин ҳавопаймо рӯзи сешанбе аз Порис ба Кобул парвоз кард. Мақомоти Фаронса хабар доданд, ки се муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Афғонистонро аз кишвар берун кардаанд. Дар мавриди теъдоди афғонҳои аз сӯи Британия ихроҷшуда иттилоъе зери даст нест. Фаронса ва Британия аз кишварҳои аслии аъзои Эътилофи байнулмилалии низомӣ дар Афғонистонанд. Моҳи июл онҳо тасмим гирифтанд, ки назоратро дар марз ташдид бубахшанд ва барои ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ талошҳои муштаракро ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG