Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои анҷоми як сафари давлатии серӯза озими Русия шуд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин сафар ӯро мушовири давлатӣ дар масоили сиёсати беруна Эркин Раҳматуллоев, вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар ҳамроҳӣ мекунанд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар дидору гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири ин кишвар Владимир Путин масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин чанд мавзӯъи доғ, аз ҷумла, шароити ҳуқуқии идомаи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ширкати сармояи русӣ ба тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон ва вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мавриди баррасӣ қарор бигирад. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими Русия ҳам нишасте доир кунад.
XS
SM
MD
LG