Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдулло Абдулло барои сабқат омода аст


Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, эълом дошт, ки ӯ барои ширкат дар даври дуввуми интихобот омода аст. Дар як нишасти хабарӣ дар Кобул ӯ гуфт, ки умедвор аст “мақомот барои баргузории интихоботи озод, одилона ва боэътимод иқдом ва аз ҳама гуна тақаллубу қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ кунанд”. Доктор Абдулло афзуд, ки рӯзҳои наздик ситоди пешазинтихоботии ӯ пешниҳодҳои мушаххасро оид ба ҷилавгирӣ аз тақаллубу қонуншиканиҳо дар даври дуввум ба ҳукумат ироа хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол масъулини СММ хабар доданд, ки қабл аз даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон раҳбарони беш аз нисфи қитъаҳои интихоботӣ иваз карда мешаванд. Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ ҳам дар сӯҳбат бо Би-Би-Си эълом дошт, беш аз нисфи кормандони ин созмон, ки тақаллубу қонуншиканиҳоро дар интихобот нодида гирифтаанд, барканор хоҳанд шуд. Ин тасмим, ба гуфтаи ӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар даври дуввум гирифта шудааст. Ҳамзамон Бан Ки Мун ҳама сару садоҳо дар мавриди талошҳои масъулини дафтари СММ дар Кобул барои махфӣ нигаҳ доштани миқёси тақаллубу қонуншиканиҳоро рад кард. Ӯ афзуд, ки кормандони созмон ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар даври дуввум талош мекунанд то аз ҳама қитъаҳои интихоботӣ дидан кунанд.
Рӯзи сешанбе раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барои ширкат дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ розӣ шуд. Аз ин пеш Комиссиюни баррасии арзу шикоятҳо натоиҷи раъдиҳӣ дар 210 ҳавзаи интихоботиро лағв кард ва бар асари ин теъдоди орои Карзай аз 54 дар сади қаблан эълоншуда то 49,6 дар сад пойин рафт.
XS
SM
MD
LG