Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи боздиди Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Маскав матбуоти ин кишвар ғавғову ҳаёҳуеро дар иртибот ба ин сафар бардошта ва ҳукумати ин кишварро ташвиқ кардаанд, то дар музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон заррае гузашт накунад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва масоили сармоягузорӣ дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Таҳлилгари рус Александр Храмчихин аз Пажӯҳишгоҳи сиёсӣ ва таҳлилҳои низомӣ ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, ки ҳузури пойгоҳи низомии Русия ба Тоҷикистон бештар зарур аст, на ба низомиёни рус, зеро Тоҷикистон қодир нест, ки худро аз ҳамлаҳо аз ҷануб муҳофизат кунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Александр Храмчихин, Русия набояд барои ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон ҳаққи иҷора бипардозад.

Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон хостааст, то Русия барои ҳузури пойгоҳаш дар он кишвар солона 300 миллион доллар бипардозад.

Тоҷикистон ҳақ дорад, ки дар ивази ҳузури пойгоҳ чизе талаб кунад, вале Русия метавонад бигӯяд, ки пойгоҳашро ба кишвари ҳамсоя интиқол хоҳад дод ...
Леонид Ивашов, таҳлилгари дигари рус гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳақ дорад, ки дар ивази ҳузури пойгоҳ чизе талаб кунад, вале Русия метавонад бигӯяд, ки пойгоҳашро ба кишвари ҳамсоя интиқол хоҳад дод, чизе ки ҳоло барои Русия дарди сари зиёд эҷод хоҳад кард ва кори пурҳазинаву серхароҷоте хоҳад буд, ки дар замони бӯҳронӣ барои Русия сахт аст.

Коршиноси иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Маскав Хокимшоҳи Муҳаббат мегӯяд, ҳамин масъалаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, масоили энержӣ ва ҳамчунин мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия аз мавзӯъҳои гуфтугуи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Артур Улунян, профессори таърих ва коршиноси аршади масоили сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказиву Қафқоз, ҳадс мезанад, ки дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав бо мақомоти олии Русия панҷ масъалаи калидӣ – мушкилоти иқтисодӣ, сарнавишти пойгоҳи низомии Русия, масоили энержӣ, забони русӣ дар Тоҷикистон ва масъалаи муҳоҷирати корӣ - муҳокима хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки Муҳаббатов ва Улунян баррасии масоили энержӣ ва низомиро дар мақоми аввал қарор додаанд, Санавбар Шерматова - коршиноси дигари Осиёи Марказӣ дар Маскав бар он аст, ки дар мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон маҳз масъалаҳои пойгоҳи низомӣ ва нерӯгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ нахоҳад шуд.

Хонум Шерматова мегӯяд, имзои чандин санад дар ҷараёни ин дидорҳои серӯзаи давлатӣ дар назар аст, аммо онҳо марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва фарҳангию башарии ду кишвар хоҳанд буд.

Коршиноси рус Алексей Малашенко бар ин назар аст, ки ҳалли масъалаи нерӯгоҳи Роғун ба Узбакистон бастагӣ дорад
Дар ҳамоҳангӣ бо Санавбар Алексей Малашенко, коршиноси маркази Карнегии Маскав, дар сӯҳбат бо рӯзномаи «Независимая газета»-и чопи Маскав гуфтааст, дар ҳар ҳолат эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз масъалаҳои равобити дуҷониба буда наметавонад, зеро ҳалли ин масъала аслан бастагӣ ба Узбакистон дорад, ки мухолифи сарсахти сохтмонҳои азими обӣ дар саргаҳи обҳои минтақа аст.

Ба гуфтаи ин коршинос, «агар мавзеи Тошканд ба ҳисоб гирифта нашавад, он гоҳ сар задани низоъ аз эҳтимол дур нест, пас Русияро лозим меояд, дар бастагӣ ба манофеи худ аз яке аз ҷонибҳо пуштибонӣ намояд».

Рӯзномаи «Независимая газета» менависад, Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав бо дарёфти мақоми доктори ифтихории Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони Русия ба Тоҷикистон бозпас хоҳад рафт.

Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия президенти Тоҷикистон эълом кардааст, ки Э. Раҳмон бо даъвати президенти Русия Д. Медведев боздиди давлатии серӯза анҷом медиҳад ва раҳбарони ду давлат як силсила созишномаҳои дуҷониба имзо хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG