Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Барак Обама бо Нурӣ Ал-Моликӣ


Барак Обама ҳини дидор бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ тасдиқ кард, ки нерӯҳои ҷангии ИМА бояд то августи соли оянда Ироқро тарк кунанд.

Обама инчунин аз нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ хоҳиш кард, ки ба тасвиби ҳарчи зудтари қонуни интихоботии Ироқ дар порлумони он кишвар мусоидат намояд. Тасвиби ин қонун барои интихоботи саросарии Ироқ моҳи январи соли оянда басо муҳим аст.

Бидуни қабули ин қонун имкон дорад интихобот ба таъхир афтад ва ин дар навбати худ метавонад ба нақшаҳои коҳиши чашмраси ҳузури низомии Амрико баъд аз интихобот мушкили эҷод кунад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки дар чанд моҳи гузашта дар Ироқ тамоюли муштарак ба сиёсатҳои демократӣ мушоҳида мешавад. Сарвари Амрико афзуд, ки вай ва Нурӣ Ал-Маликӣ мехоҳанд мутмаин шаванд, ки Ироқ соҳиби қонуни интихоботӣ мегардад ва ин қонун саривақт ба тасвиб расида раъйгирӣ низ дар мӯҳлати тарҳрезишуда, яъне моҳи январ, барпо мешавад.

Зимни вохурӣ бо Маликӣ як рӯз қабл муовини раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден низ ба зарурати тасвиби қонуни интихоботӣ таъкид дошт.

Дар ҳоле ки Обама ваъдад дод аз рӯи нақшаи хуруҷи артиши ИМА амал кунад, вай изҳори хушнудӣ намуд, ки акнун ду раҳбар имкон доранд на танҳо дар бораи мавзуи ҷанг, балки дар бораи имкониятҳои бекарони ҳамкориҳои тиҷоратӣ низ сӯҳбат кунанд.

Раҳбари Ироқ ба Амрико барои ширкат дар кори конфронси байнулмилалӣ дар Вошингтон омадааст. Ҳадафи ин конфронс ташвиқи ҳамкориҳои бозаргонии байнулмилалӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодӣ Ироқ мебошад, ки иқтисодаш дар давоми шаш соли ҷанг сахт осеб диддааст.

Обама гуфт, ки онҳо на танҳо дар бораи ҷанг ва мавзӯъҳои амниятӣ табодули назар карданд, балки сӯҳбаташон хеле фаротар аз ин мавзӯъҳо будаааст ва метавон гуфт, ки ин оғози муколама дар бораи иқтисод ва тиҷорат мебошад.

Дар солҳои ахири давлатдории президенти қабли Ҷорҷ Буш ду кишвар ба тавофуқ расида буданд, ки тамоми нерӯҳои ҷангии Амрико то охири моҳи августи соли 2010 ва нерӯҳои кумакрасон то охири соли 2011 аз Ироқ фаро хона мешаванд.

Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки тасвиби қонуни интихоботи на танҳо барои фарохонии артиши Амрико аҳамият дорад, балки барои сиёсатмадорони ироқӣ ва тақсими қудрати сиёсӣ дар кишвар низ муҳим хоҳад буд. Онҳо мегӯянд, эҳтимол аст аъзои кобинаи Маликӣ аз чунин тағйирот дар харосанд, ба вижа баъд аз он ки эътилофи сиёсии бонуфузи аҳли шиа Маликиро аз сафҳояш берун карда қасд дорад мустақилона дар интихобот ширкат кунад.

Агар чунин мухолифат боқӣ бимонад.ю Маликӣ маҷбур мешавад ҳампаймонони сиёсиро миёни суннимазҳабон ва аҳзоби мазҳабӣ ҷустуҷӯ кунад.
XS
SM
MD
LG