Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши СММ барои ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар интихобот


Қабл аз даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон раҳбарони беш аз нисфи қитъаҳои интихоботӣ иваз карда мешаванд. Дар ин бора масъулини СММ хабар доданд. Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ ҳам дар сӯҳбат бо Би-Би-Си эълом дошт, беш аз нисфи кормандоне, ки дар маъракаи қаблии интихоботӣ кор мекарданд ва қонуншиканиҳоро нодида гирифтаанд, барканор хоҳанд шуд. Ин тасмим, ба гуфтаи ӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар даври дуввум гирифта шудааст. Ҳамзамон Бан Ки Мун ҳама сару садоҳо дар мавриди талошҳои масъулини дафтари СММ дар Кобул барои пинҳон кардани тақаллубу қонуншиканиҳоро рад кард. Ӯ афзуд, ки кормандони созмон ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар даври дуввум талош мекунанд то аз ҳама қитъаҳои интихоботӣ дидан кунанд.
Рӯзи сешанбе раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барои ширкат дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ розӣ шуд. Аз ин пеш Комиссиюни баррасии арзу шикоятҳо натоиҷи раъдиҳӣ дар 210 ҳавзаи интихоботиро лағв кард. Дар даври дуввуми интихобот Ҳомид Карзай бо собиқ вазири умури хориҷаи кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки, тибқи иттилои пешакӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 август беш аз 28 дар сад раъҳоро соҳиб шуда буд, вориди сабқат мешавад.
XS
SM
MD
LG