Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дониёр Усейнов сарвазири Қирғизистон таъин шуд


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз дар бораи сарвазири кишвар таъин кардани раҳбари дафтари раёсатиҷумҳурӣ ва собиқ мири шаҳри Бишкек Дониёр Усенов амр содир намуд. Дониёр Усейнов бояд ҳукумати навро ташкил ва онро ба парлумон пешниҳод кунад. Раҳбари нави ҳукумат авоили соли равон раиси дафтари раисиҷумҳури Қирғизистон таъин шуда буд. Аз ин пеш ӯ шаҳрдори Бишкек буд.
Дирӯз ҳукумати сарвазир Игор Чудинов ба истеъфо рафт. Қабл аз ин, Қурмонбек Боқиев дар бораи роҳандозии ислоҳоти густардаи маъмурӣ, аз ҷумла, ихтисори чанд сохтори давлатӣ тасмим гирифт. Тибқи ин ислоҳот, аз ҷумла, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз ин баъд фақат ба раисиҷумҳур тобеъ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG