Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи ду қатора дар наздикиҳои Тоҷмаҳал


Дар канори шаҳри Матҳура, воқеъ дар шимоли Ҳиндустон, ду қатори мусофиркаш ба ҳам бархурданд. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба иттилоъи шабакаҳои телевизионии ҳинд навиштааст, ки дар ин ҳодиса аз 10 то 15 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 тани дигар имкони берун шудан аз қаторҳоро надоранд. Гуфта мешавад, ки садамаи қатораҳо дар наздикиҳои Тоҷмаҳали маъруф, дар 250 километрии ҷанубу шарқи Деҳлӣ, рух додааст.
XS
SM
MD
LG