Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, амалиёти вижа дар деҳаи Ворухи Исфара поён ёфтааст, вале ҷустуҷӯи бақия аъзои гурӯҳи мусаллаҳ идома дорад.

Ин хабар рӯзи чоршанбе зимни нишасти матбуотии мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Душанбе эълом шуд.

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар пайи ин амалиёт чаҳор нафар аз гурӯҳи ҷинояткор, ки аз аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон буданд, кушта ва як тани дигар боздошт шудааст. Ҳамчунин дар ҷараёни ин амалиёт як корманди пулис низ ҷароҳат бардошта ва таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Гурӯҳе, ки дар Исфара ошкор шуд, дар чандин ҷинояти вазнин дар солҳои 2005-2006 ва то имрӯз содиршуда даст дорад ...
Аммо муовини аввали вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кард, ки бо вуҷуди анҷоми амалиёти вижа, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба хотири ошкор ва боздошт кардани бақия афроди ин гурӯҳи, ба гуфтаи давлат, «ҷинояткор» ҷараён дорад. Ҳамакнун мушаххас шудааст, ки ин гурӯҳ дар содир кардани чандин ҷинояти вазнин дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд муттаҳам дониста мешавад.

Рамазон Раҳимов гуфт, «Ҳаракати Исломии Узбакистон боиси таваҷҷуҳи ҷомеа аст ва чандин сол ба таври ғайриқонунӣ фаъолият дорад. Гурӯҳе, ки дар Исфара ошкор шуд, дар чандин ҷинояти вазнин дар солҳои 2005-2006 ва то имрӯз содиршуда даст доранд. Аз он ҷумла ҳамла ба дидбонгоҳи Лакони Исфара, ки дар натиҷа чанд тан кушта шуд. Дар худи ноҳияи Исфара чанд корманди пулисро куштанд ва охирин маротиба аз дасти ин гурӯҳ сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии ноҳияи Исфара низ кушта шуд. Ба ин хотир амалиёти вижаи кормандони интизомӣ ва амниятӣ гузаронда шуд».

Ба ин тартиб он гуна, ки Раҳимов гуфт, мубориза алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткор, ба вижа гурӯҳҳои ифротгаро аз аҳдофи аслии ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар чанд соли ахир будааст. Ин аст, ки ба гуфтаи муовини аввали вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, танҳо дар муддати нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 14 тан аз аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки дар содир кардани ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла ҷиноятҳои вазинин тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимов афзуд, ки дар ин муддат 13 нафар аз аъзои созмони мамнӯъи Ҳизбуттаҳрир низ дастгир шуда, ки аз онҳо ҳудуди 80 адад адабиёти мазҳабӣ, шабномаҳо ва фиттаҳо кашфу мусодира шудааст.

Танҳо дар муддати нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 14 тан аз аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шудаанд ...
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як тан аз аъзои равияи «Шамшери Ислом»-ро, ки ба унвони созмони ифротӣ ва терористӣ эътироф шудааст, боздошт кардаанд, ки дар содир кардани 14 ҷинояти вазнин, назири куштор ва амали терористӣ даст дорад.

Тибқи иттилои мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар миёни афроди боздоштшудаи аъзои созмонҳои ғайриқонунии ифротӣ ва терористӣ, ба хусус Ҳаракати Исломии Узбакистон, шаҳрвандони Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣшомил мебошанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин мақомот, гурӯҳи ҷинояткор дар минтақаи Исфара аз охирҳои даҳаи 1990 мелодӣ ва аввалҳои 2000 ба фаъолиятҳои тахрибкорӣ машғул буда, ки ноором кардани авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аҳдофи аслии онҳо аст. Бо ин ҳам мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди пайдоиши гурӯҳҳои ҷинояткори ифротӣ дар минтақаи Исфара, дар шимоли ин кишвар худдорӣ кардаанд.

Аммо Амруллои Собир, коршиноси масоили амниятӣ, бар ин назар аст, ки ин гурӯҳҳо аз хориҷ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Вай гуфт, «аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон аз Узбакистон ба Афғонистон ва Покистон рафта ва дар мактабҳои терористӣ ва ифротгароӣ таҳсил карда ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ин кишвар омаданд. 200 нафари онҳо ба Афғонистон баргаштанд ва 4800 нафари дигар дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон боқӣ монданд, ки ҳадафи аслии онҳо норм кардани вазъ дар минтақа аст».

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, фаъолияти ин гурӯҳҳо барои амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон, хатари ҷиддӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо таҷаммӯъи беш аз 4 ҳазор фарди мусаллаҳ дар ин минтақаи Афғонистонро интишор кардаанд. Шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва тӯли ин марз байни ду кишвар 1400 километрро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG