Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон нахуствазири навро таъин кард


Дониёр Усенов, нахуствазири нави Қирғизистон
Дониёр Усенов, нахуствазири нави Қирғизистон

Дониёр Усенов, собиқ раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, нахуствазири нави ин кишвар таъин шуд.

Президент Боқиев рӯзи чоршанбе амри таъин шудани Дониёр Усеновро ба ин мақом имзо кард.

Айтбой Тағоев, раиси порлумони Қирғизистон, гуфт, ки дар нишасти ахири шӯрои сиёсии ҳизби «Ақ Ҷӯл» аъзои он номзадии узви ин ҳизб Дониёр Усеновро ба мақоми нахуствазири кишвараш бо як овоз пазируфтанд.

Ба гуфтаи Айтбой Тағоев, ин тасмими шӯрои сиёсии ҳизби «Ақ Ҷӯл» тасмими дуруст аст. Раиси порлумони Қирғизистон ҳамчунин афзуд, ки Дониёр Усенов таҷрибаи ғании корӣ дорад ва дар мақомҳои баланди давлатӣ ифои вазифа намудааст.

Таболдӣ Орозалиев, депутати порлумон аз ҳизби «Ақ Ҷӯл», гуфт, президент Қурмонбек Боқиев, ки пешвои ин ҳизб аст, номзадии Дониёр Усеновро ба мақоми нахуствазир тавсия кард ва аъзои шӯрои сиёсии ҳизб ин тавсияи ӯро маъқул донистанд.

Дар ҳамин ҳол Дониёр Усенов ҳайати ҳукумати ҷадидро ба кумитаи Қонуни асосӣ, сохтори давлатӣ, қонуният ва ҳуқуқи башари порлумони кишвараш пешниҳод кард ва ин кумита сохтори нави ҳукуматро пазируфт.

Ба гуфтаи Дониёр Усенов дастгоҳи ҳукумате, ки вай таъсис додааст, ба 30 ё 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Вай гуфт, ки аз ҷумла аъзои кобинаи вазирон аз 24 ба 18 коҳиш меёбад.

Ба таъкиди нахуствазири нав, ғайр аз ин шумораи шӯъбаҳои идораи ҳукумат низ коҳиш дода хоҳад шуд. Дониёр Усенов афзуд, вале моҳияти тағйирот дар сохтори ҳукумат аз он иборат аст, ки дуборакорӣ барҳам зада шавад.

Тибқи ислоҳоти нав раҳбарони 14 вазорат, 7 оҷонсӣ, 7 хадамот ва ду бунёди Қирғизистон ба аъзои ҳукумати ин кишвар шомил шуданд.

Баҳсҳо дар атрофи он ки чаро нахуствазири собиқ Игор Чудинов дубора ба мақоми раиси ҳукумат пазируфта нашуд, ба яке аз баҳсҳои доманадори депутатҳои порлумони Қирғизистон табдил ёфт. Аз ҷумла, депутат Галина Кулокова, ки аз ҳизби «Ақ Ҷӯл» намояндагӣ мекунад, иброз дошт, ки Игор Чудинов мансабдори касбӣ, босалоҳият ва ғайр аз Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ низ эътибор ва нуфузи зиёд дошт.

Вай афзуд, чи зарурат пеш омад, ки Игор Чудинов дубора ба ин мақом пазируфта нашавад. Вале ҳамтои ӯ Тоболдӣ Орозалиев дар посухи ин суоли Галина Куликова гуфт, нахуствазири собиқ Игор Чудинов худаш истеъфояшро эълон кард ва ҳеҷ зарур нест, ки депутатҳо дубора сари ин мавзӯъ вориди баҳсу мунозира шаванд.

Дар ҳамин ҳол Омурбек Текебоев, раиси ҳизби мухолифи «Ата Мекен», ба радиои Озодӣ дар мавриди таъсиси ҳукумати нав гуфт, президент Боқиев бо пиёда кардани ислоҳот дар сохторҳои давлатӣ ба чашми мардум хок пошиданист ва ба ҳадафҳои худ расиданист.

Раиси ҳизби «Ата Мекен» афзуд, ислоҳоти ҷадид ба президент ва атрофиёни ӯ имкон медиҳад, ки боигариҳои зеризаминии Қирғизистон ва иқтисодиёти онро ба тасарруфи худ дароваранд.

Ба гуфтаи Омурбек Текебоев, ба истилоҳи дигар, президент Боқиев ду ҳукумат таъсис дод, ки ҷилави яке аз ин ҳукумат дар дасти худи ӯ боқӣ мемонад.

Ҷиноҳи ҳизбҳои коммунист ва сосиал-демократ дар мавриди таъсиси ҳукумати нав то ин замон вокуниши ошкоро нишон надодаанд. Гуфта мешавад, вале ин ду ҳизб баъди баррасии мавзӯъ ҳатман роҷеъ ба таъсиси ҳукумати ҷадиди Дониёр Усенов вориди баҳсу мунозира хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG