Пайвандҳои дастрасӣ

«Вахш» - қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пас аз пирӯзӣ бар «Истиқлол»-и Душанбе қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 гардид.

Футболбозони «Вахш» дар бозии даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 21-уми октябр дар майдони худ – варзишгоҳи «Пахтакор» - бар тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Ду голи "Вахш"-ро Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаҳои 14-ум ва 24-ум ба самар расонд. Як голи дастаи "Истиқлол"-ро Юсуф Рабиев дар дақиқаи 66-ум зад.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дастаи «Вахш» барои севвумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфароз хоҳад шуд. Аз ин пеш «Вахш» солҳои 1997 ва 2005 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд. Дар замони шӯравӣ низ дастаи «Вахш» се бор (1961, 1978 бо номи «Пахтакор» ва 1985) чемпиони Тоҷикистон шуда буд. Ҳамчунин «Вахш» дар чемпионати миллии Тоҷикистон як бор (2004) бо медали нуқра ва се бор (1992, 2006 ва 2007) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудааст. Инчунин дастаи «Вахш» се бор (солҳои 1965, 1997 ва 2003) барандаи Ҷоми Тоҷикистон гаштааст.

Ҳамлагарони «Вахш» Рустам Усмонов бо 21 гол соли 1997 ва Аҳтам Ҳамроқулов бо 12 гол соли 2005 беҳтарин нишонзанҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидаанд. Дар айни ҳол Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари «Вахш» бо 15 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад».

Ҳоло «Вахш» бо 43 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 38 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Вале дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Хуҷанд» як бозӣ камтар анҷом додаанд.

«Вахш» пас аз пирӯзӣ бар «Истиқлол» ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Зеро қӯрғонтеппагиҳо дар бозии охирини худ бидуни рақобат бо «Спитамен», ки ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқа даст кашид, соҳиби се имтиёз мешаванд ва рақибонашон ба онҳо расида наметавонанд.

«Регар» ТадАЗ бошад, дар ду бозии боқимонда 24-уми октябр дар меҳмонӣ бо «Энергетик» ва 1-уми ноябр дар майдони худ бо «Хуҷанд» зӯрозмоӣ хоҳад кард.

«Хуҷанд» дар даври 17-ум бидуни бозӣ бо «Спитамен» се имтиёз ба даст меорад ва бозии охиринаш бо «Регар» ТадАЗ тақдири медалҳои нуқраву биринҷиро ҳал хоҳад кард.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми октябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

17

14

1

2

41-15

43

2.

«Регар» ТадАЗ

16

12

2

2

40-11

38

3.

«Хуҷанд»

16

12

1

3

33-10

37

4.

«Истиқлол»

17

10

3

4

33-18

33

5.

«Энергетик»

16

8

2

6

37-24

26

6.

«Парвоз»

16

6

4

6

24-21

22

7.

«Равшан»

16

4

2

10

22-36

14

8.

«Гвардия»

16

2

2

12

10-49

8

9.

«Спитамен»

16

1

3

12

9-38

6

10.

СCКА «Помир»

16

1

2

13

12-39

5


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 12 гол, Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 12 гол.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG