Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоятии Озарбойҷон аз Туркия барои Арманистон


Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ки аз беҳбуди равобити Туркияву Арманистон розӣ нест, таҳдид кардааст, ки фурӯши гази худ ба Туркияро бо нахи арзон бозмедорад. Вай гуфтааст, барои интиқоли гази худ ба муштариён дар Аврупо роҳҳои дигари хуруҷ аз Туркияро ҷустуҷӯ мекунад. Баъд аз он Аҳмет Довутоғлу-вазири умури хориҷаи Туркия бо ишора ба Қарбоғи Кӯҳистонӣ ба хабарнигорон гуфт, хоки Озарбойҷон мисли хоки Туркия барои мо муқаддас аст ва озодии ин хок яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали миллии мо ба шумор меравад. Ин изҳорот замоне пахш шуд, ки байрақҳои Туркия аз қабри шаҳрвандони Туркия, ки барои озодии Қарабоғ кушта шуда буданд, бардошта шудааст. Аммо вазири хориҷаи Туркия гуфт, агар осмон ба замин часпад, Туркия мавзеъгириашро дигар нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG