Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ША СММ бамгузории Эронро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ бамгузории ахири ҳафтаи гузашта дар Эронро бо қотеъияти тамом маҳкум кард. Дар ин бамгузорӣ даҳҳо нафар, аз ҷумла 6 афсари Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон, кушта шуданд. Ин эъломия, ки ба иттфоқи оро ба тасвиб расид, посухе буд ба номаи Муҳаммад Хазоӣ-намояндаи Эрон дар СММ. Дар эъломия гуфта мешавад, ки дар ин бамгузорӣ 57 нафар кушта, беш аз 150 нафар маҷруҳ шудаанд, ки он нисбат ба рақамҳои қаблӣ бештар аст. Эрон мегӯяд, гурӯҳи суннии шӯришиёни Ҷундуллоҳ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст. Хабаргузории Форс рӯзи сешанбе гузориш дод, ки се нафар машкук дар робита бо ин ҳодиса боздошт шудаанд
XS
SM
MD
LG