Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз музокироти ҳастаии Эрон аз сар гирифта мешавад


Имрӯз музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои бузурги ҷаҳон дар Вена аз сар гирифта мешавад. Ин музокирот рӯзи сешанбе ҳангоме, ки Эрон мехост мустақиман бо Фаронса вориди гуфтугӯ шавад, ба таъхир афтод. Мақомоти Эрон Порисро муттаҳам мекунанд, ки онҳо қарордодҳоро дар бораи фиристодани маводи ҳастаӣ дар гузашта иваз кардаанд. Хатари ба шикаст мувоҷеҳ шудани музокироти Вена бори дигар замоне пеш омад, ки Манучеҳри Муттакӣ-вазири умури хориҷаи Эрон мегуфт, кишвараш розӣ нест аз ғанисозии уран даст бардорад.
XS
SM
MD
LG