Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ва Абдулло ба даври дуввуми интихобот меравад


Дирӯз Кумиссиюни интихоботии Афғонистон эълон кард, ки дар ин кишвар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Мубоҳисот дар бораи натиҷаҳои интихобот ду моҳ давом кард. Нурмуҳаммад Нур-сухангӯи ин кумиссиюн эълон кард, ки даври дуввуми интихобот барои 7-ӯми ноябр таъйин шудааст. Ин эълон дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе кумиссиюни шикоёти интихоботӣ гуфт, дар натиҷаҳои интихобот тақаллуби ошкор мушоҳида шудааст. Кумиссиюни шикоёти интихоботии Афғонистон аз сӯи СММ ҳимоят мешавад. Баъд аз расидагӣ ба орои тақаллубӣ орои ба дастовардаи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур аз 50 дарсад поин рафт. Вай бо Абдулло Абдулло-вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон дар даври дуввуми интихобот ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG