Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё нахустин раиси ҷумҳури Гурҷистон худкушӣ кард?


Гурҷистон санадеро дар бораи расидагӣ ба марги мармузи Звиад Гамсахурдия-нахустин раиси ҷумҳури ин кишвар ба тасвиб расонд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ Гамсахурдия норозии сиёсии даврони Шӯравӣ ва миллатгарои гурҷӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расид. Баъд аз маргаи вай дар моҳи декабри соли 1993 дар гузоришҳои расмӣ гуфта шуд, ки вай бо як тир ба сараш худкушӣ кардааст. Сабаб ин нишон дода шуда буд, ки вай баъд аз ду соли барканориаш аз мақом талош кардааст ҷонибдоронашро гирдиҳам орад ва бо шӯрише дубора ба сари қудрат ояд, вале ноком шудааст. То ҳол дар бораи марги вай шаку тардид вуҷуд дорад. Порламон бо 78 раи ҷонибдор ва як раи мухолиф санади ташкили кумисиюни бозрасиро ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG