Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳисор 3 000 солагии худро ҷашн мегирад


Муҳаммадалӣ Очилдӣ-раиси ноҳияи Ҳисор иттилоъ додааст, ки ин ноҳия 3 000 солагии тамаддуни Ҳисорро ҷашн мегирад. Вай дар ин бора 20-ӯми октябр дар нишасти хабарие дар шаҳраки Ҳисор ба рӯзноманигорон хабар дод. То ҳол дар Тоҷикистон
2 500 ё 2 700 солагии шаҳрҳои қадимии тоҷиконро ҷашн гирифтаанд. Оқои Очилдӣ гуфт, Қалъаи Ҳисор барои ворид кардан ба феҳристи мероси гаронбаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Ин қалъа ҳоло таъмиру бозсозӣ мешавад ва ба яке аз ҷойҳои зиёрати саёҳони хориҷиву дохилӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG