Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳи Суғд барои фаъолони ҲИӮ содир шуд


Дар вилояти Суғд Анвар Қаюмов-яке аз фаъолони Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Дар ин бора Додоҷон Гадойбоев-қозии додгоҳи вилояти Суғд ба матбуот хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамроҳ бо Қаюмов 5 нафари дигар аз аъзои ин созмони мамнуъ барои созмон додани гурӯҳи ҷинояткор, дуздӣ ва истифодаи аслиҳа ва барои фаъолияти террористӣ муттаҳам дониста мешаванд. Се нафари онҳо ба 11 сол ва ду нафари дигар ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҳукми додгоҳ 19-ӯми октябр содир шуд. Гадойбоев гуфтааст, Анвар Қаюмов яке аз раҳбарони фаъоли Ҳаракати Ислмомии Ӯзбекистон мебошад.
XS
SM
MD
LG