Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди серӯзаи Раҳмон аз Русия оғоз мешавад


Имрӯз боздиди серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия оғоз мешавад. Бино ба хабари дафтари матбуотии Кохи Кремл, ин боздид бо даъвати Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия анҷом мегирад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расад. Бино ба навиштаи сомонаи "Независимая Газета", эҳтимол дорад, ки дар ин боздид душвориҳои аслӣ дар муносиботи миёни ду кишвар бидуни ҳал боқӣ монад. Ин масъалаҳои душвор бунёди ниругоҳи барқи обии Роғун ва таъйни шароити истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди чунин мушкилот дар муносиботи ҷонибҳо, Тоҷикистон дар симои Русия ҳамкори стротегии худро мебинад. Баъзе хабаргузориҳои Русия пешбинӣ кардаанд, ки Пажуҳишгоҳи Ховаршиносии Русия ба Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори ифтихори илм эъто хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG