Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус нерӯҳои вокуниши сареъро дастгирӣ кард


Раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко созишномаи ташкили нирӯҳои вокуниши сареъ дар назди Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро имзо кард. Дар ин замина котиботи ин созмон дар сӯҳбат бо хабаргузории Новости иттило додааст. Қарори таъсиси ин нирӯҳо рӯзи 14 июни имсол дар Маскав аз ҷониби ҳама аъзои паймони мазкур, ба ҷуз Ӯзбакистон ва Беларус имзо шуда нахустин тамринҳои муштараки нирӯҳои вокуниши сареъ моҳи ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор шуд. Ҳадафи аслии ин нирӯҳо кӯмак ба кишварҳои ҳампаймон дар муқобила бо таҳдидҳои амниятиву террористӣ ва маводи мухаддир ва посух додан ба ҳамлаи як кишвари сеюм мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъала он вақт мухолифатҳои Ӯзбакистонро барои имзои созишнома ба бор оварда буд.

Сабаби аслии аз имзои ин санад худдорӣ кардани Беларус дра мухолифатҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Минску Маскав арзёбӣ мешуд. Ба узвияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Беларус ва Арманистон шомил мебошанд.
XS
SM
MD
LG