Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7 ноябр - даври дуюми интихоботи Афғонистон аст


Афғонистон даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳуриашро дар таърихи 7 ноябри соли ҷорӣ баргузор мекунад, гуфтанд мақомоти интихоботӣ дар як нишасти матбуотӣ чанд лаҳза пеш. Дар даври дуюми интихобот Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ вориди рақобат хоҳанд шуд. Изҳороти мазкур як рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои гузориши Комиссиюни шикоятҳои СММ садо дод, ки гуфт, дар интихоботи рӯзи 20 августи имсол дар 210 ҳавзаи интихоботӣ тақаллуби фаровон ба назар расида ҳамаи баргаҳои раъйи ин ҳавзаҳо бекор дониста шуданд. Бар тибқи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ки қаблан эълон шуда буд, Ҳомиди Карзай 55 дар сади овозҳо ва рақиби аслии вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ 28 фоизро дар интихобот ба худ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG