Пайвандҳои дастрасӣ

Муттакӣ гурӯҳеро дар Покистон масъули таркиш хонд


Вазири хориҷаи Эрон имрӯз гуфт, ки масъулини таркиши маргборе болои посдорони инқилоби исломии Эрон дар Покистон мустақар ҳастанд. Манучеҳри Муттакӣ ҳарчанд аз кадом гурӯҳи мушаххасе ном набурд, вале гуфт, ки аъзои гурӯҳи ҳамлагар пайваста марзи миёни Эрону Покистонро убур карда дар хоки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаҳо ташкил мекунанд. Мақомоти эронӣ дирӯз масъулияти таркишеро, ки рӯзи якшанбе дар вилояти ҷанубу шарқии Сиистону Балуҷистон мунҷар ба марги 42 нафар шуд, ба дӯши гурӯҳи шӯришиёни суннимазҳаби Ҷундуллоҳ вогузор карданд. Имрӯз матбуоти эронӣ гуфтанд, ки дар миёни қурбониҳо 15 нафар аъзои посдорони инқилоб буданд. Дар ташкили ин ҳамла мақомоти эронӣ хадамоти истихбороти ИМА, Бритониё ва Покистонро айбдор карданд, вале ин кишварҳо иттиҳомотро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG